Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Барак Обама 50 сола шуд


Барак Обама 50 сола шуд

Барак Обама 50 сола шуд

Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрикоро телефонӣ ба муносибати 50 солагии зодрӯзаш табрик кард. Дафтари матбуотии Кохи Кремл гуфт, дар сӯҳбати телефонии рӯзи чаҳоршанбе Дмитрий Медведев ҳамчунин масъалаи узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро баррасӣ кардааст ва хостори узвият дар ин созмон то поёни соли ҷорӣ шудааст. Ассошиейтед Пресс гуфтааст, Обама ба нақша гирифтааст, қабл аз баргузории маросими 50 солагии зодрӯзаш сари кор ҳозир шавад, сипас бо дӯстону хонаводааш дар Кохи Сафед зодрӯзашро ҷашн гиранд. Обама ба нақша гирифтааст, ки рӯзҳои таътили охири ҳафтаро дар осоишгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар Кэмп Дэвид сипарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG