Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар размоиши "Уқоби даштӣ" ширкат намекунад


Бино ба хабари вазорати дифои Тоҷикистон, соли ҷорӣ нируҳои Тоҷикистон дар размоишҳои “Уқоби даштӣ” дар Қазоқистон ширкат нахоҳанд кард. Дар ин бора Фаридун Маҳмадалиев-сухангӯи ин вазорат ба матбуоти маҳаллӣ хабар додааст. Интизор мерафт, ки воҳидҳои низомии Тоҷикистон дар ин размоишҳо ба нируҳои Қазоқистону Қирғизистон, Литва ва Амрикову Британия ҳамроҳ шаванд. Оқои Маҳмадалиев гуфтааст, сабаби ширакт накардани нируҳои Тоҷикистон дар ин размоиш ин будааст, ки онҳо дар он рӯзҳо дар маросимҳои ҷашни 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон ширкат хоҳанд ҷуст. Размоишҳои “Уқоби даштӣ” 8 август шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG