Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди кашфи Афғонистон дар Қундуз кушта шуд


Дар инфиҷори баме дар Қундузи Афғонистон як корманди нируҳои кашфи ин кишвар кушта шудааст. Поянда Хон-сухангӯи волии ин вилоят гуфт, корманди Раёсати Миллии Амнияти Афғонистон ҳангоми инфиҷори бам дар мошинаш кушта шудааст ва дар ин ҳодиса се кӯдаки афғон низ ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса баъд аз ду рӯзи ҳамла ба меҳмонхонае дар Қундуз рух дод. Ду рӯз пеш бамгузорони интиҳорӣ ба ин меҳмонхона ҳамла бурданд ва чаҳор посбони меҳмонхонаро, ки барои ширкати олмонӣ кор мекарданд, ба қатл расонданд. Шимоли Афғонистон дар муқоиса бо манотиқи ҷанубии ин кишвар оромтар буд, вале як силсила ҳамлаҳои ахир нигарониҳоро аз вазъи амниятӣ ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG