Пайвандҳои дастрасӣ

Минск аз дарёфти қарзи СБП маҳрум мешавад?


Аляксандр Лукашенка, раисиҷумҳури Беларус

Аляксандр Лукашенка, раисиҷумҳури Беларус

Сенаторони амрикоӣ гуфтанд, ки Иёлоти Муттаҳида ин дафъа мухолифи додани қарз ба Беларус мебошад.

Мухолифини ҳукумати Беларус пешниҳоди худдории ИМА аз дастгирии тақдими қарзи Сандуқи Байналмилалии Пул ба Минскро иқдоми дуруст мешуморанд.
Касе иқтисодро тағйир намедиҳад,
касе ҳукуматро ба истеъфо намефиристад,
ҳамааш гапи хушку
холӣ аст. Аз ин рӯ,
ҳоло гирифтани қарз
ба худкушӣ баробар
аст...


Рӯзи якуми август шаш сенатор аз ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳи Амрико унвони вазири молияи ин кишвар, Тимотӣ Гатнер, номае навишта в аз ӯ хостаанд, кафолат диҳад, ки Беларус ба гирифтани қарзи Сандуқи Байналмилалии Пул муваффақ нахоҳад шуд ва ин дафъа ИМА мухолифи додани қарз ба Минск мебошад.

Дар рӯ ба рӯи бӯҳрони шадиди молӣ ҳукумати Беларус аз Сандуқи Байналмилалии Пул 8 миллиард доллар қарз дархост намудааст. Чанде пеш созмони ЕвраАзЭС-и зери назорати Русия ба Беларус 3 миллиард доллар қарз ваъда дода буд.

Ба қавли сенаторон -- Марк Кирк, Ҷон Маккейн, Ричард Дарбин, Бенҷамин Кардин, Ҷейн Шаҳин ва Ҷой Либерман ин қарз фақат ба хотири тамдиди ҳукми режими ғайришаръӣ ва саркӯбкунандаи Аляксандр Лукашенка масраф шуда, татбиқи ислоҳоти воқеии Беларусро ба таъхир мегузорад. Сенаторон даъват кардаанд, ки ИМА таҳрими ширкатҳои давлатии Беларусро тавсеа бахшад.

Аксари пешвоҳои мухолифини ҳукумати Беларус таҳлили сенаторони амрикоиро дуруст мешуморанд ва таъқид мекунанд, ки сармоягузорӣ ба режими Минск харҷи беҳудаи пул аст.

Сярҳей Ҳайдукевич, собиқ довталаби курсии президентии Беларус ва раҳбари ҳизби либерал-демократи ин кишвар ба радиои "Озодӣ" гуфт: "Мушкили асосӣ ин аст, ки мо ҳозир дар ҳоли афтидан ба ҷарӣ ҳастем. Касе иқтисодро тағйир намедиҳад, касе ҳукуматро ба истеъфо намефиристад, ҳамааш гапи холӣ аст. Аз ин рӯ, ҳоло гирифтани қарз ба худкушӣ баробар аст. Ташаккур аз сенаторон, ки ин масъалро фаҳмидаанд."

Ин мавқеъро собиқ довталаби дигари курсии раёсатҷумҳурии Беларус Владимир Пякляев ҳам дастгирӣ мекунад.

Дар сӯҳбат бо "Озодӣ" сафири пешини ИМА дар Беларус Дейвид Швартс гуфт, ки дар муқоиса бо соли 2009-ум ҳозир мавқеи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо наздиктар шудааст: "То охирҳои соли 2009-ум ва ибтидои соли 2010-ум Вашингтону Брюссел дар мавриди самтгирии минбаъдаи Минск назари то ҳадде мухталиф доштанд. Ба фикрам, аврупоиҳо ба ин ақида буданд, ки тавассути кӯмак Лукашенкаро ба ислоҳшавӣ ташвиқ мекунанд. ИМА чунин назар надошт. Ин буд, ки Брюсселу Вашингтон ба мавқеъгирии ҳамсон муваффақ нашуданд."

Шуморе аз таҳлилгарон ҳам ақидаи собиқ сафири Амрикоро дастгирӣ мекунанд. Вале дигарон ба ин назаранд, ки агар Сандуқи Байналмилалии Пул аз тақдими қарз худдорӣ кунад, Беларус таҳти нуфузи бештари Маскав қарор хоҳад гирифт. Ҳафтаи равон сарвазири Русия, Владимир Путин, гуфта буд, ки муттаҳидшавии Русияву Беларус иқдоми “мусбат ва хеле хушоянд аст.”

Яке дигар аз довталабҳои собиқи раёсатҷумҳурии Беларус Риҳор Кастусёу мегӯяд, мутаассифона аксари сиёсатмадорони беларусӣ хатари ин гуна ҳамлаҳои Маскавро дарк намекунанд ва чизе бар муқобили пешниҳодҳои фурӯ бурдани Беларус аз сӯи Русияро матраҳ намекунанд.

Дар назархоҳиҳои ахири афкори умум 31 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки тарафдори иттиҳод бо Русия ҳастанд. 48 дарсад бошад, гуфтаанд, ки онҳо мухолифи чунин иттиҳоданд. 45 дарсад аз муттаҳидшавии Беларус бо Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ карда ва 31 дарсад мухолифи он раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG