Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни тарабхона ва қаҳвахонаи беҳтарин дар Душанбе


Шаҳрдории Душанбе дар пойтахт озмуни беҳтарин тарабхона ва қаҳвахона эълон кардааст. Бино ба хабари дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, ин озмун ба ҷашни 20-ӯмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ихтисос дорад. Озмун то 20 август давом мекунад ва 25 август аз он натиҷагирӣ ба амал меояд. Ҳадаф аз баргузории чунин озмун боло бурдани сатҳи хидматрасонӣ дар тарабхонаҳову қаҳвахонаҳо ва ташвиқи рушди ин соҳа дар пойтахт арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG