Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устоди донишгоҳи Хуҷандро бо ришва боздошт карданд


Ожонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо ришвахории вилояти Суғд хабар додааст, ки як устоди донишгоҳи Хуҷанд барои ришваситонӣ боздошт шудааст. Вай барои дохил кардани духтаре ба донишгоҳ аз вай 800 доллар ришва гирифтааст. Ин устоди донишгоҳ ҳангоми ситонидани ришва ба даст афтодааст ва ҳоло бар зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG