Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия фармондеҳони нави артишро таин мекунад


Президент Абдулло Гул
Президент Абдулло Гул
Баъд аз истеъфои чаҳор фармондеҳи аршади артиши Туркия ба ҷои онҳо фармондеҳони нав таин мешаванд. Онҳо ба дунболи мубоҳисот бо ҳукумат истеъфои худро эълон карда буданд. Интизор меравад, ки имрӯз дар поёни мулоқоти солонаи Шӯрои Олии Низомӣ президент Абдулло Гул номзадии фармондеҳони навро таъйид кунад. Дар ҷаласаи шӯро барканории афсарони аршад ва ташвиқу тарфеи баъзе афсарон баррасӣ мешавад.Ҳафтаи гузашта раиси ситоди артиши Туркия як ҷо бо фармондеҳони нируҳои заминиву ҳавоӣ истеъфо доданд. Онҳо ба нишонаи эътироз бар зидди боздошти садҳо афсар истеъфо доданд, ки гӯё талош доштаанд ҳукумати исломгарои нахуствазир Раҷеп Тайип Эрдуғонро сарнагун созанд.
XS
SM
MD
LG