Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои амнияти СММ давлати Сурияро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ аз мақомоти Сурия хостааст, ки саркӯби шаҳрвандони ғайринизомиро мутаваққиф бикунад.

Бино ба гузориши Ройтерз, Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар баёнияе, ки рӯзи чаҳоршанбе содир кард, овардааст, ки ин Шӯро “нигарони вазъияти шаҳрвандони Сурия ва амиқан нигарони куштори мардум аст.”
Дар як ҳафтаи гузашта Шӯрои амният маҳалли гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар мавриди хушунатҳои Сурия буд...


Шӯрои амният ҳамчунин хостори он шуда, ки хушантаҳо мутаваққиф шавад ва ду тараф аз ҳаргуна ибрози хушунат дурӣ ҷӯянд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳо, кишварҳои аврупоӣ хостори судури қатъномае барои маҳкумияти Димишқ буданд, вале ба далели адами ҳамроҳии Русия натавонистанд ба он бирасанд.

Русия танҳо ҳозир ба судури баёнияе дар заминаи хушунатҳо дар Сурия буд ва эълом кард, ки бо ҳеҷ гуна қатъномае ҳамроҳӣ нахоҳад кард. Бо ин ҳол, дипломатҳои ғарбӣ, аз шикаста шудани сукути Шӯрои амният дар мавриди Сурия истиқбол кардаанд.

Баёнияи Шӯрои амнияти СММ барои маҳкумияти хушунатҳо дар Сурия аз ҳимояти 14 узви Шӯро бархӯрдор буд ва танҳо Лубнон ба он раъйи мумтанеъ дод.

Лубнон, кишвари ҳамсояи Сурия, ки дар тӯли чанд моҳи ахир дар мавриди эътирозҳои густурдаи мардумӣ ва саркӯби хушунатбори шаҳрвандони Сурия сукут ихтиёр кардааст, бо истинод ба як моддаи ҳуқуқи Созмони милал аз имзои он даст кашид.



Дар баёнияи Шӯрои амнияти СММ саркӯби густурдаи мардум ва ба коргирии хушунат алайҳи шаҳрвандони Сурия маҳкум шуда ва ҳамчунин аз Димишқ хоста шудааст, ки ба масъулиятҳои байнулмилалии худ эҳтиром бигузорад.

Бар асоси гузориши Ройтерз, дар панҷ моҳе ки эътирозҳои мардумӣ ва хушунатҳои давлатӣ алайҳи шаҳрвандони Сурия идома дорад, Чин ва Русия ва чанд кишвари дигар бо ҳаргуна қатънома дар маҳкумияти Димишқ мухолфиат кардаанд.

Дар як ҳафтаи гузашта Шӯрои амният маҳалли гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар мавриди хушунатҳои Сурия буд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки аз нимаи моҳи марти имсол, ки эътирозҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия оғоз шуд, беш аз ду ҳазор нафар кушта шудаанд. Яке аз мақомҳои аршади Созмони милал шумори нопадидшудагон дар Сурия тайи ин муддатро се ҳазор тан ва шумори боздоштшудагонро 12 ҳазор нафар зикр кардааст.
XS
SM
MD
LG