Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баргузории намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов дар Душанбе


Намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар масҷиди марказии Душанбе доир гашт.

Дар ин маросим мақомоти баландпояи кишвар ва аҳли уламову сокинон иштирок доштанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори
Асадулло Ғуломов дар чанд соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва гуфта мешавад дар хориҷ аз кишвар низ табобат гирифтаст...
Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, таъзияи ҳукуматро ба фарзандон ва наздикони Асадулло Ғуломов расонид ва даргузашти ӯро барои ҷомеаи кишвар фоҷиа номид.

Намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов бо раҳбарии Сайидукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хонда шуд. Ин барои аввалин бор буд, ки маросими видоъ бо як ходими давлатӣ бидуни баргузории ҳамоиш ва суханрониҳо сурат гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам дар ин замина ишора карда ва гуфт, ки "алҳамдуллилоҳ, мусулмон ҳастем ва ниёзе ба доир кардани ҷаноза ба таври пешин боқӣ намондааст."

Пас аз адои намози ҷаноза, ҷасади марҳум Асадулло Ғуломовро ба зодгоҳаш ноҳияи Данғара фиристоданд, ки дар он ҷо ба хок супорида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ таъзияи худро ба хонаводаи марҳум Асадулло Ғуломов баён кардааст.

"Ӯ бо хизмати содиқона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати ташкилотчигӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ сазовори иззату ҳурмати ҳамагон гашта буд. Марҳум Асадулло Ғуломов дар давоми фаъолияти меҳнатии худ барои пешрафти Ватани азиз кӯшишу ғайрати зиёде ба харҷ додааст. Ӯ махсусан дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат – нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст",-омадааст дар таъзияномаи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Асадулло Ғуломов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, севуми август бар асари беморӣ даргузашт.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷаноби Ғуломов ҳангоми сафари корӣ ба нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда" дар дохили чархбол фавтидааст.

Ҷаноби Ғуломов дар чанд соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва гуфта мешавад дар хориҷ аз кишвар низ табобат гирифтаст.

Асадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести "Кӯлобселстрой" оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести "Тоҷикхимстрой"-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.

Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии "Тоҷиксохтмон" ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Cинои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Соли 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҷаноби Ғуломов иҷрои барномаҳои энергетикӣ, сохтмон ва алоқаро назорат мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG