Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнаи харобкорон ба шабакаҳои 14 кишвар


Ҳукумати Амрико эътироф кард, ки харобкорони интернетӣ тайи 5 соли гузашта саъй кардаанд бо вуруд ба шабакаҳои 70 муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ дар 14 кишвар аз онҳо иттилоъот бидузданд. Жанет Наполитано, вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, гуфт, ин хулосаҳои пажӯҳиши ширкати амниятии МакАфӣ аст, мавриди арзёбӣ қарор гирифта ва тадобири муносиб ҳам андешида хоҳад шуд. Ба эътиқоди ширкати мазкур, дар ин харобкориҳо “як давлат” ҳам даст дорад, вале онро ном набурд. Аммо баъзе коршиносон ба Чин ишора мекунанд. Ҳукумати Чин ҳеҷ шарҳе дар ин замина надодааст. Дар пажӯҳиш омадааст, аз ҷумла муассисаҳое дар Амрико, Тайван, Куриёи Ҷанубӣ, Вйетнам мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, бо шумули ширкатҳои тавлиди аслиҳа ва фанновариҳои навин дар Иёлоти Муттаҳида. Харобкорони интернетӣ ҳамчунин шабакаҳои компютерии дафтарҳои Созмони Милал дар Женева рахна карда ва ба иттилоъоти махфӣ дастрасӣ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG