Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳо дар Ироқ 9 нафар ҷон доданд


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, бар асари таркиши ду бомби канори роҳ дар шаҳри ғарбии Рамодӣ, 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе рух додааст ва таркиши дуввум дар маҳалли наздик ба инфиҷори аввал ва дар ҷои таҷаммӯъи маъмурони пулис ва афроди дигар ба вуқӯъ пайвастааст. Масъулияти бомбгузориҳоро то кунун касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG