Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Намояндагони тарҳи Қонуни авфро баррасӣ мекунад


Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 19 август, тарҳи “Қонун дар бораи авф”-ро баррасӣ хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ба ин хотир фармон додааст, то иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси Намояндагон даъват карда шавад. Бар асоси тарҳи қонуни мазкур, ки ба муносибати 20 –умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон таҳия шудааст, ҳудуди 15 ҳазор нафар авф мешаванд ва аз ҷумла 4 ҳазор маҳбус аз зиндонҳо раҳо хоҳанд шуд. Мӯҳлати ҷазои афроди дигар кӯтоҳ карда мешавад ва парвандаҳои ҷиноии теъдоди зиёди дигар лағв хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG