Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоъ байни коргарони тоҷику чинӣ дар дили Душанбе


Бино ба гузоришҳо, дирӯз дар маркази шаҳри Душанбе дар назди бинои порлумони Тоҷикистон миёни гурӯҳе аз коргарони тоҷик ва Чин задухӯрд ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин муноқиша дар пеши сохтмони бузурги Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки чиниҳо месозанд, дасти кам 50 нафар ширкат кардаанд ва як нафар бо ҷароҳати сабук ба шифохона интиқол дода шудааст. Хабаргузории "Интерфакс" бо нашри ин хабар мегӯяд, сабабҳои низоъи коргарон ҳанӯз маълум нест. Дар гузашта дар ҷануби Тоҷикистон низ чунин ҳодиса ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG