Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният давлати Сурияро маҳкум кард


Давлати Сурия барои саркӯби тазоҳургарон дар шаҳри Ҳамо аз тонку тӯп истифода мекунад.
Давлати Сурия барои саркӯби тазоҳургарон дар шаҳри Ҳамо аз тонку тӯп истифода мекунад.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал, давлати Сурияро барои саркӯби золимонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ ва нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон маҳкум кард. Раҳбари Шӯрои Амният бо нашри баёнияе дар рӯзи чаҳоршанбе, режими Башшор Асадро барои “нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон ва истифодаи нерӯ алайҳи ғайринизомиён” маҳкум карда ва хостори ба масъулият кашидани гунаҳкорон шуд. Аз ин баёния тамоми 15 аъзои шӯро ҳимоят кардаанд. Марк Лял Грант, сафири Бритониё дар ин бора мегӯяд:" Амалкардҳои барбарона дар Сурия бояд хотима ёбад. Кишвар бояд роҳи худ ба суботро пайдо кунанд ва ба ин метавон аз роҳи хотимаи фаврии хушунат, анҷоми ислоҳоти зуди сиёсӣ, риояти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдии ӯ ва ба масъулият кашидани гунаҳкорони ҷиноят алайҳи тазоҳургарон ноил шуд." Баёнияи Шӯрои Амният замоне содир шуд, ки нерӯҳои Сурия ҳамчунон ҳамла ба зидди тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар шаҳри Ҳаморо идома медоданд. Сар аз рӯзи якшанбе то кунун дар ин шаҳр бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар маҷмӯъ аз замони шурӯъи тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ дар Сурия дар панҷ моҳи пеш то ҳол бештар аз 1700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG