Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово тавофуқномаи НАТО ва сербҳоро рад кард


Ҳукумати Косово тавофуқномаи нав миёни посдорони сулҳи НАТО ва сербтаборони кишвар дар мавриди назорати ду гузаргоҳи ҷанҷолии марзӣ бо Сербистонро рад кардааст. НАТО рӯзи чаҳоршанбе гуфт, сербҳои шимоли Косово ризоият доданд, то сарбозони НАТО назорати ду гузаргоҳи марзиро ҳадди аққал то моҳи сентябр идома диҳанд. Аммо ҳукумати Косово, ки дар дасти албаниҳост, ин тавофуқномаро “ғайриқобили қабул ва хом” хондааст. Ҳукумати Косово мехоҳад назорати ин ду гузаргоҳи таҳти назари сербҳои шимоли Косоворо ба даст гирад. Як талоши ҳукумат барои ба даст овардани ин гузаргоҳҳо дар ҳафтаи гузашта сабаби низоъи ду тараф шуд ва дар натиҷа як пулиси албанитабор ҷон дод. Косово худро соли 2008 кишвари мустақил эълом кард, вале Сербистон онро ҳанӯз ҳам қаламрави худ медонад.
XS
SM
MD
LG