Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи навбатии Муборак 15 август хоҳад гузашт


Додгоҳи раисиҷумҳури собиқи Миср, ки имрӯз дар як академияи пулис дар ҳошияи Қоҳира оғоз ёфт, то 15 август ба тавқиф гузошта шуд. Ҳуснӣ Муборак, ки имрӯз ба иллати беморӣ ба нахустин мурофиааш дар як рахти равон эҳзор шуд, гуфт, иттиҳомоти воридаро комилан радд мекунад. Муборак ба фасод ва судури амри куштори ҳудуди 850 эътирозгаре, ки суқути ҳукумати 30-солаи ӯро талаб мекарданд, айбдор шуда, метавонад ба эъдом маҳкум шавад. Ҳамроҳи ӯ ду писараш – Ало ва Ҷамол - ва вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адливу 6 афсари аршади собиқ низ ба додгоҳи Қоҳира эҳзор шуданд. Ало ва Ҷамол низ иттиҳомоти фасодро радд карданд.
XS
SM
MD
LG