Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ усули тестии имтиҳони давлатиро шурӯъ карданд.

Ва ҳар сол имтиҳони давлатӣ бо ду шева, аввал хаттӣ ва дуввум тестӣ гузаронида мешавад. Аммо, солҳои охир шикояти довталабон аз тафовути саволҳои тестӣ ва афзоиши теъдоди суолҳо зиёд мешавад.
Бино ба
иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон
то ба имрӯз дар 30 мактаби олӣ ва 6 филиали он, ҳудуди 30 ҳазор дохилшаванда ҳуҷҷат супоридааст...


Наргис, як довталаби таҳсил дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон аз саволномаҳои имтиҳони давлатии худ нигарон аст. Вай мегӯяд, ки ҳамакнун қарор аст, ба 50 савол аз рӯи ихтисоси баргузидааш ва бар иловаи ин ба 25 саволи дигар аз фанҳои ҳуқуқ, забон, адабиёт посух диҳад ва имтиҳони иншо супорад.

Наргис мегӯяд, ки баъзан суолҳо берун аз барномаи таълимии мактаби миёнаанд: "Барои ман тестҳои забони англисиро пешниҳод карданд. Суолҳо 50 адад буд. Он ҷо саволҳое буд, ки мо дар барномаи мактаби миёна нахондаем. Саволҳо аз барномаи таълимии забони англисии курсҳои як ва дуввуми донишгоҳ буд."

Дар иддае аз мактабҳои олии кишвар қабл аз имтиҳони давлатӣ маҷмӯаи саволҳо барои дохилшавандагон ба фурӯш гузошта мешавад. Маҷмӯаи саволҳо барои дохилшавандагон, ки барои ихтисоси тиббӣ, коллеҷҳои тиббӣ омода шудаанд, аз фании химия 700 суол, биологияи умумӣ 100, ботаника 100, зоология 100, анатомия 150 савол пешниҳод шудааст. Бо иловаи ин, довталабон ҳатман диктант ҳам менависанд. Довталабони коллеҷи мазкур ҳам дар сӯҳбат иброз доштанд, ки марҳилаи вазнини имтиҳони онҳо тестӣ аст ва саволҳои он ҳам, ба истилоҳ дандоншикан.

Сайёра, яке аз собиқ довталабони коллеҷи тибии шаҳри Душанбест ва мегӯяд, ки соли гузашта саволномаҳои тестиро харида буда, аммо ҳангоми имтиҳон саволномаҳои тестӣ фарқ дошт ва ба гуфти вай ҳамин фарқияти суолҳо ҳангоми имтиҳон боис шуд, ки сарфи назар аз "тағо" доштан , ҳам донишҷӯӣ насибаш нагашт. Сайёра мегӯяд, ки саволномаҳои тестиро қабл аз имтиҳонот ба 20 сомонӣ харида буд. Ба гуфти вай, имсол бародарашро довталаб гардондаву худаш дигар довталаб нашудааст.

Сарвиноз, як хабарнигори ҷавон мегӯяд, ки набояд имтиҳони давлатӣ берун аз саволномаҳои тестӣ бошад. Афзун бар ин, агар дар як фан дар тест 100 суол бошад, барои омода шудани довталаб аз 1 моҳ зиёд вақт лозим аст. Вай меафзояд, суолҳои имтиҳон набояд аз саволномаи расмӣ, ки ба ҷавонон фурӯхта мешавад, фарқ дошта бошад.

Дар ҳоле, ки ҳамсӯҳбатони мо аз зиёд шудани теъдоди саволҳои тестии берун аз барномаи таълимӣ ва тафовути суолҳо ва суолномаҳои расмӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, устодони имтиҳонгиранда, баръакс мегӯянд, ки 50 савол теъдоди бузург нест. Хонум Низорамоҳ, як масъули имтиҳони давлтӣ дар яке аз донишгоҳҳои кишвар дар сӯҳбат ба мо гуфт, тестҳои имтиҳони давлатӣ ба барномаи мактаби миёна мутобиқ буда, аз он фарқ намекунанд.

Имтиҳони давлатӣ барои довталабони таҳсил дар макотиби олӣ аз 1-уми август оғоз шуданд. Марҳилаи аввали он дар ҳамаи донишгоҳу донишкадаҳо хаттӣ буда, марҳилаи дуввум имтиҳон аз рӯи саволномаи тестӣ аст. Аксарияти довталабон мегӯянд, ки марҳилаи рӯҳшикан ва тақдирсоз ҳамин имтиҳони тестӣ аст, ки ба ғайр аз ихтисос бояд, боз ба 75 суол аз се фанни дигар посух дода шавад.

Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон то ба имрӯз дар 30 мактаби олӣ ва 6 филиали он, ҳудуди 30 ҳазор дохилшаванда ҳуҷҷат супоридааст, ки аз ин теъдод 3397 нафар ба Донишгоҳои давлатии миллии Тоҷикистон ва 2829 нафар ба Донишгоҳи давлатии Суғд рост меояд. Ба сурати умум имсол, бояд беш аз 29 000 нафар ба таҳсил дар мактабҳои олии кишвар роҳхат гиранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG