Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норйега акнун ба Панама истирдод мешавад


Мануэл Норйега: Аз суъуд дар арши қудрат то суқут дар кунҷи зиндон
Мануэл Норйега: Аз суъуд дар арши қудрат то суқут дар кунҷи зиндон
Фаронса қасдаш барои истирдоди диктатори собиқи Панама Мануэл Норйега ба кишвари зодгоҳашро таъйид кард. Норйега, ки феълан дар Фаронса адои 7 сол ҳукми зиндон мекунад, метавонад алакай моҳи оянда истирдод ва дар Панама бо ҷурми нақзи ҳуқуқи инсон то ба 20 соли зиндон маҳкум шавад. Вазорати хориҷаи Фаронса гуфт, Норйегаро аз ин тасмими Порис хабардор кардаанд. Вале вакили мудофеъи ӯ гуфтааст, ки Норйега қасди талаби бознигарии ин қарорро надорад. Норйега баъди 9 соли ҳукумат бар Панама соли 1989 тавассути нирӯҳои Амрико суқут дода шуд. Қабл аз истирдодаш ба Фаронса ӯ 15 солро бо ҷароими қочоқи маводи мухаддир ва пулшӯӣ дар зиндонҳои Амрико ба сар бурд.
XS
SM
MD
LG