Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз 1-уми август имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар оғоз ёфт.

Аз манотиқи гуногуни кишвар довталабон барои роҳ ёфтан ба ин донишгоҳу донишкадаҳо ба имтиҳонсупорӣ омаданд.

Назари онҳо нисбат ба ҷараёни имтиҳонҳои қабул гуногун аст. Муҳаммадҷони Давлаталӣ, як тан аз довталабони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд: “Рафти имтиҳонҳо хеле холисона ва шаффоф гузашт. Устодон ба мо тарзи чигуна гузаштани имтиҳонро фаҳмонданд. Чи хеле, ки пешвақт ба мо мегуфтанд, ки тариқи тағабозӣ ё пул дода дохил мешавӣ, ин хел набудааст. Агар дониш ва саводи хуб дошта бошӣ, дохил шудан мумкин аст. Чунки дар вақти имтиҳон назорат сахт буд ва ҳама бо фикри худ кор мекард.”

Муҳайё Алиева, довталаби Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳамин ҳол афзуд: “Ман аз дониши худ боварӣ дорам ва аз иншои навиштаам умедвор ҳастам баҳои арзанда мегирам. Чунки ман иштирокчии фаъоли олимпиадаҳо ҳастам ва дар он олимпиадаҳо иншои навиштаи ман намуна буд. Равиши имтиҳон якранг буд, ягон устод ба ягон довталаб кӯмак ва ёрӣ намерасонд. Аз ҳамин хотир ман ба худ боварӣ дорам, ки ба донишгоҳ қабул мегардам.”

Хуршед Бобоев, як довталаби дигари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон баён намуд, ки: “Вақте, ки мо дар мактаби миёна мехондем, донишҷӯёни якум курс, дуюм курс ба деҳа меомаданд, ба мо мегуфтанд, ки ҳоло ба донишгоҳ меравед, он ҷо имтиҳонсупорӣ мушкил аст. Аммо ҳозир худамон ба чашмонамон дидем ва ба гӯшонамон шунидем, ки агар дониш бошад, аз худ боварӣ дошта бошӣ он қадар мушкил нест. Дар мавзӯи озод, “Тоҷикистон кишвари мӯъҷизаҳо” дар ҳаҷми ду саҳифа иншо навиштаам ва боварии комил дорам, ки ин иншо яке аз беҳтарин иншоҳо хоҳад буд. Зеро мо аз хурдӣ дар Тоҷикистон ба воя расидаем ва медонем, ки Тоҷикистони азиз хушбоду ҳаво буда, манзараҳои зебои он ба мисли Боми Ҷаҳон мафтункунанда аст. Ман кам навиштаам, аммо ками пурмазмун. Бисёри бемаънӣ, баҳоятро паст мекунад.”

Умеди Амиралӣ, довталаби Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бар чунин назар аст, ки: “Тасаввуроти мо оид ба ин донишгоҳ дар давраи мактабхонӣ дигар буд. Ба мо мегуфтанд, ки барои дохилшавӣ ба ин донишгоҳ мушкилиҳо зиёд аст. Ҳозир, ки омада дидем, боз тамоман дигар хел будааст. Яъне, гуфтанӣ ҳастам, ки боз ҳам дониш дошта бошӣ, ҳамон қадар дилпур ҳастӣ. Рафти имтиҳон шаффоф буд. Муаллимон ва ҳатто роҳбарони донишгоҳ назорат мекарданд, ки ягон кас на шпаргалка истифода барад ё аз ягон кас напурсад.”

Аммо Гузалх Каримова, як довталаби дигари мегӯяд: “Худ 7 сол боз омӯзгор ҳастам. Ман пас аз хатми мактаби миёна бо сабаби нарасидани омӯзгор дар мактаби деҳа муаллима шуда, кор мекунам. Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисорро барои мустаҳкам намудани дониши худ 4 сол хонда хатм намудаам. Ростӣ, се сол мешавад, ки ба чандин донишкадаву донишгоҳҳо меоям ва мехоҳам дохил шавам, аммо аз сабаби набудани маблағ аст ё зиндагӣ, ки хулоса дохил шуда наметавонам. Имсол хайр боз ҳам аз тақдирамон мебинем. Баъзеҳо ҳастанд, ки ростӣ, он қадар дониши хуб надоранд. Хайр ҳозир ҳама ҷо кушод ва озод ҳаст, мо хуб медонем, ки он ҷое, ки маблағ нест, кор буд намешавад."

Навиштаи Рустами Набот

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG