Пайвандҳои дастрасӣ

Густариши босуръати СПИД дар Қирғизистон


Қирғизистон дар шумули он 25 кишвари дунёст, ки ба густариши босуръати ангезандаи бемории қаттоли СПИД рӯбарӯ мебошанд. Намояндаи барномаи рушди СММ Лариса Башмакова дар Бишкек гуфт, як иллати ин бехабарии ҷавонони қирғиз аз ин маризист. Бар асоси таҳқиқоти СММ, 70 дарсади ҷавонони Қирғизистон дар бораи СПИД ё аслан чизе намедонанд ваё огоҳии хеле ночиз доранд.
Ин дар ҳолест, ки аз 3609 гирифтори расман сабтшудаи СПИД дар Қирғизистон 80 дарсадашро ҷавонони аз 20- то 30-сола ташкил медиҳанд. Бахши аъзами ин гирифторон дар ноҳияи шимолии Чу ва дар вилоёти ҷанубии Ӯшу Ҷалолобод сабт шудаанд.
XS
SM
MD
LG