Пайвандҳои дастрасӣ

Муборак иттиҳомотро комилан радд кард


Муборак дар додгоҳ

Муборак дар додгоҳ

Раисиҷумҳури собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз дар додгоҳ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард. Муборак ба фасод ва судури амри куштори садҳо эътирозгаре, ки суқути ҳукумати 30-солаи ӯро талаб мекарданд, айбдор мешавад. Муборак, ки ба нахустин мурофиааш ба иллати беморӣ дар як рахти равон эҳзор шуд, гуфт, иттиҳомоти воридаро комилан радд мекунад.
Дар сурати тасбити ин иттиҳом ба Муборак ҳукми эъдом таҳдид мекунад. Ҳамроҳ бо Муборак ду писари ӯ – Ало ва Ҷамол - ва вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адливу 6 афсари аршади собиқ низ ба додгоҳи Қоҳира эҳзор шуданд. Ало ва Ҷамол низ иттиҳомотро радд карданд. Дар ҷараёни эътирозҳои Миср бо талаби истеъфои Муборак дар аввали соли ҷорӣ ҳудуди 850 тан ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG