Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи саркӯбии эътирозҳо дар Ҳамо


Бино ба хабарҳо, тонкҳову нирӯҳои артиши Сурия ба амалиёт дар шаҳри Ҳамо – як маркази умдаи эътирозҳои алайҳи режими раиси ин ҷумҳурӣ Башшор Асад идома медиҳанд. Сокинон мегӯянд, Ҳамо имрӯз таҳти шилликборони сангин қарор дошт ва бино ба бархе гузоришҳо, тонкҳо майдони марказии шаҳрро тасарруф кардаанд. Нирӯҳои Сурия аз рӯзи якшанбе ба танг кардани ҳалқаи муҳосираи Ҳамо оғоз карданд ва тайи ин чанд рӯз дар ин шаҳри ошӯбзада даҳҳо нафар кушта шуданд. Саркӯбии ахири эътирозҳо дар Ҳамо мояи мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалӣ шуд. Шӯрои Амнияти СММ имрӯз ба баҳси ин мавзӯъ идома хоҳад дод. Шӯрои Амният дирӯз натавонист ба тасвиби қатъномае, ки режими Асадро маҳкум мекунад, даст биёбад.
XS
SM
MD
LG