Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак дар рахти хоб дар додгоҳ


Рӯзи чоршанбе дар Қоҳира мурофиаи собиқ президент ва аъзои ҳукумати Миср шурӯъ шуд.

Раисҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак, собиқ вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб ал-Адлу ва шаш фармондеҳи пешини нерӯҳои амниятии ин кишвар бо амри куштори беш аз 850 эътирозгар дар майдони “Таҳрир”-и Қоҳира муттаҳам мешаванд. Ошӯби зидди ҳукуматӣ, ки дар ибтидои соли равон оғоз ёфта буд, ҳукми тахминан 30-солаи Муборакро ба анҷом расонд.

Ҷудо аз он, Муборак ва ду писараш-Ҷамол ва Ало ҳамроҳ бо дӯсти наздики раҳбари собиқи Миср соҳибкор Ҳусейн Салим бо фасод муттаҳам шудаанд.

Додгоҳи Ҳуснӣ Муборак
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00
Линки мустақим



МУБОРАК ДАР ДОДГОҲ БО РАХТИ ХОБ

Мубораки 83-сола ва муттаҳамҳои дигарро дар дохили катаки бузург ҷой доданд. Раисҷумҳури собиқ хеле беҳолу бемадор ба чашм мехӯрд ва ӯро ҳамроҳ бо рахти хобаш ба додгоҳ оварда буданд. Мурофиа тавассути телевизон дар саросари Миср намоиш дода шуд.

Дар гирду атрофи толори додгоҳ гирдиҳамоиҳои тарафдорон ва мухолифини Муборак доир шуданд. Ихтилоф ҳатто дар толори мурофиа ба гӯш мерасид ва додрас чанд дафъа маҷбур шуд, ҳозиринро ба риояи хомӯшӣ даъват кунад. Дар беруни толор бошад, полис миёни тарафдорону мухолифини Муборак саф кашид. Сокини Қоҳира Айман Муҳаммад Бағат мегӯяд: “Ман дар ёд дорам, ки солҳои ҷавонӣ мо як яхдонро бо қарз мехаридем. Кӯчаҳо саршор аз партоб буданд. Миср дар рӯ ба рӯи чашмонам бунёд шудааст. Ин дуруст нест, ки шахсе бо чунин корнома ва чунин хидмат ба мардуму кишвар ба додгоҳ кашида шавад. Ӯ пешво аст ва ҳар кишвар мехоҳад, ки чунин пешво дошта бошад.”

МИСР ҲАНӮЗ НООРОМ АСТ

Рӯзи чоршанбе дар майдони “Таҳрир”-и Қоҳира-маркази ошӯби мисрии маъруф бо номи “Баҳори араб”, шумори зиёди афсарони полис мустақар шуда буданд.

Аслан сар аз охири ҳафтаи гузашта мақомот эътирозгаронро аз майдони “Таҳрир” берун кашида, хаймаҳои онҳоро аз байн бурданд. Ин эътирозгарон мехостанд то иҷрои ваъдаҳо, яъне татбиқи ислоҳоти сиёсӣ майдонро тарк накунанд.

Муборак аввалин раҳбари араб аст, ки дар ҷараёни ошӯбҳои ахир ба додгоҳ кашида мешавад. Ӯ гуфтааст, ки то охири умр дар қаламрави Миср хоҳад буд. Вале Зайналобидин бин Алӣ, собиқ раҳбари Тунис баъди шикаст ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Мурофиаи собиқ раҳбари Тунис бидуни ширкати ӯ доир шуд ва бин Алӣ дар ғиёб ҳукм гирифт.
XS
SM
MD
LG