Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адмирал Малленро генерал Демпсӣ иваз мекунад


Генерал Мартин Демпсӣ

Генерал Мартин Демпсӣ

Сенати Амрико номзадии генерал Мартин Демпсӣ ба симати фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши ин кишварро тасвиб кард.
Демпсии 59-сола аз поёни моҳи сентябр дар ин баландтарин мақоми низомии Амрико ҷойгузини адмирал Майк Маллен хоҳад шуд.
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта аз тасвиб шудани номзадии генерал Демпсӣ ва муовини аввали ӯ адмирал Ҷемсй Виннефелд истиқбол кард ва ҳардуро мардони соҳиби дониши комил, маҳорати раҳбарӣ ва дидгоҳи дурбинонаи стротежӣ ба қалам дод.
Демпсӣ бар иловаи маълумоти олии низомӣ дар риштаи адабиёти инглис низ маълумоти олӣ гирифтааст. Интисоби ӯ дар пешорӯи коҳиши масрафоти низомии Амрико ва хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Ироқу Афғонистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG