Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чирикиҳои Либия дар Амрико сафорат боз мекунанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, роҳ барои гушоиши дубораи сафорати Либия таҳти назорати Шӯрои миллии гузор ҳамвор шуд. Ин шӯро ниҳоди раҳбарии чирикиҳоест, алайҳи режими 42-солаи Муаммар Қаззофӣ меҷанганд. Боз шудани сафорат имкон медиҳад, то 13 миллион доллар пулҳои аз сӯи мақомоти Амрико мунҷамидшудааш дар ихтиёри ин Шӯро қарор бигирад. Шӯрои миллии гузор дар Бенғозӣ мустақар буда, дар ҳоли ҳозир тақрибан нисфи қаламрави Либияро таҳти назорат дорад.
XS
SM
MD
LG