Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Муборак ва фарзандонаш оғоз ёфт


Додгоҳи раисиҷумҳури собиқи Миср Ҳусни Муборак имрӯз дар Қоҳира шурӯъ шуд. Мубораки 83-сола ба фасод ва судури ҳукми куштори эътирозгароне, ки дар моҳи феврал бо талаби хатми ҳукумати 30-солаи ӯ тазоҳурот мекарданд, айбдор мешавад.
Муборак аз моҳи апрел ба ин сӯ дар Шармулшайх таҳти табобат қарор дошт ва ӯро имрӯз тавассути замбар ба толори додгоҳи Қоҳира оварданд. Додгоҳи Мубораку ду писари ӯ – Ало ва Ҷамол - ва вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адливу 6 афсари аршади собиқ дар як коллеҷи пулис дар ҳошияи Қоҳира дар пасманзари тадобири шадиди амниятӣ оғоз ёфт. Агар иттиҳоми даст доштани Муборак дар қатли 850 эътирозгар собит шавад, ӯ метавонад ба қатл маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG