Пайвандҳои дастрасӣ

Асадулло Ғуломов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон субҳи имрӯз бар асари беморӣ даргузашт.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷаноби Ғуломов ҳангоми сафари корӣ ба нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда" дар дохили чархбол фавтидааст.

Ҷаноби Ғуломов дар чанд соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва гуфта мешавад дар хориҷ аз кишвар низ табобат гирифтаст.

Қарор аст маросими ҷанозаи марҳум Ғуломов фардо баргузор шавад.

Асадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести "Кӯлобселстрой" оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести "Тоҷикхимстрой"-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.

Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии "Тоҷиксохтмон" ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Cинои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Соли 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҷаноби Ғуломов иҷрои барномаҳои энергетикӣ, сохтмон ва алоқаро назорат мекард.




Асадулло Ғуломов ва Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG