Пайвандҳои дастрасӣ

Маошҳоро дар Тоҷикистон боло хоҳанд бурд


Асо Атоев, як устоди мактаб дар минтақаи Кӯлоб(Аз бойгонӣ)

Асо Атоев, як устоди мактаб дар минтақаи Кӯлоб(Аз бойгонӣ)

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябр маоши кормандони будҷавӣ аз 30 то 330 дарсад боло бурда мешавад. Қарор аст, нафақаи бознишастагон низ аз 1 сентябр афзоиш биёбад. Гуфта мешавад, маоши мудирони Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ 3,3 маротиба, моҳонаи кормандони додгоҳ то 100 дарсад ва маоши вакилони парлумон 50 дарсад боло хоҳад рафт. Маоши табибон аз 1 сентябр бояд то 40 фоиз ва маоши омӯзгорон 30 фоиз бештар шавад. Бино ба ҳисобҳо, ин афзоиши маош танҳо дар 4 моҳи охири соли ҷорӣ барои будҷаи Тоҷикистон ба маблағи 242,9 миллион сомонӣ, ё беш аз 50 миллион доллар тамом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG