Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавошиносон мегӯянд, дамои ҳаво дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои аввали моҳи Рамазон ба азоби мардуми рӯзадор афзуд, аз 8 август ба он сӯ як андоза фурӯ хоҳад нишаст. Парвина Саидҷамолова, коршиноси Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки то 8 август ҳарорат то сатҳи бесобиқаи 42 дараҷа боло хоҳад хест, вале баъдан то 5-6 дараҷа пойинтар хоҳад рафт. Ӯ афзуд, баландтарин ҳарорат дар моҳи август дар пойтахти Тоҷикистон 41 дараҷа буд, ки дар солҳои 1982 ва 1994 сабт шуда буд. Феълан ҳарорат дар Душанбе қариб 40 дараҷа будааст.
XS
SM
MD
LG