Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-юми август Қонуни масъулияти волидайн дар таълим ва тарбияи фарзандро имзо кард.

Қарор аст, қонуни нав ҷавобгарии падару модаронро дар омӯзониш ва парвариши фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанхоҳӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ ва ҳамчунин дифоъ аз ҳуқуқ ва манофеи атфол густариш ва таҳким диҳад.

Аз он ҷо ки тарҳи қонун баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ва вокуниши манфии созмонҳои байнулмилалиро ба бор овард, умедворие дар миён буд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон онро имзо нахоҳад кард ва барои бознигарӣ ба порлумон хоҳад баргардонд. Вале чунин ҳолате ба вуқӯъ напайваст ва акнун имзои қонун вокунишҳои бештареро ба вуҷуд овардааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси кишвар имзои ин қонунро мусибати сахттарин барои мардуми Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бисёр афсус мехӯрем, ки ин қонун имзо шуд аз тарафи раиси ҷумҳур ва бо имзо шуданаш ва аз тариқи нашриёти расмӣ нашр шуданаш, мавриди амал қарор мегирад. Ва ин қонун бовар кунед барои қисми зиёди мардум, хусусан
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода

ҷавононе, ки аз 12 сола то 18 сола ҳастанд ва мукаллафу болиғ ҳастанду намоз барои онҳо фарз асту баргузории намоз бо ҷамоат дар масҷид барояшон суннати муаккадаву воҷиб ҳаст ва онҳо аз ин ҷамъ бояд тибқи ин қонун бояд маҳрум бишаванд, хеле мусибати бузург аст. Хусусан дар ин моҳи Рамазон, боз дар арафаи 20-солагии истиқлолият як "ҳадя"-и аз мусибати сахттарин ҳам вазнинтар ба мардуми мо тақдим шуд.»



Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода чанд рӯз пеш низ аз раиси ҷумҳур даъват карда буд то дар моҳи шарифи Рамазон қонуни масъулияти волидайнро имзо накунад то иҷрои фарзи илоҳӣ дар ин моҳи муборак маҳдуд нашавад.

Ва аммо вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Исмоил Талбаков, ки дар баҳси тарҳи ин қонун дар парлумон ширкати фаъол доштааст, мегӯяд, ки қонуни падару модар барои ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон бисёр муҳим аст: «Набояд модари тоҷик фақат гострабайтер-мардикор барои Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар таваллуд кунад. Ҳоло агар мо ба деҳоту навоҳиҳо нигоҳ кунем тақрибан
Исмоил Талбаков

ҳама мулло шудааст. Бачаи ҷавонаш ҳам мулло шудаст, калон ҳам мулло шудааст, аксари одамон мулло шудаанд. Ҳамин қадар суроғ мекунед як мантёр, як электрик намеёбед. Мутахассис на дар соҳаи сохтмон, на дар соҳаи иқтисод, на дар соҳаи механизатсия надорем, бо ҳамин асосҳо дар парлумон суханронӣ кардам ва аз қонуни масъулияти падару модарон тарафдорӣ кардам. Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, бигзор писарбачаҳо то 18 солагӣ таълими дунявӣ бигиранд ва баъд интихоб ба ихтиёри онҳост, ки ба кадом пайроҳа мераванд.»

Ҳоло ба қавли таҳлилгарон, ҷавонони аз 12 сола то 18 солаи Тоҷикистон дар дуроҳа қарор доранд. Шароити носолими соҳаи таълиму тарбияи кишвар аксари ҷавононро ба кунҷи маърифати масҷидҳо кашонидааст. Гӯш додан ба суханҳои имомхатибро аз омӯзгори мактабҳои беназму шароити нокифоя афзалтар мешуморад.

Коршиноси тоҷик Саймиддин Дӯстов ба ин бовар аст, ки агар шароити солими омӯзишу таҳсил дар мактабҳои чӣ шаҳру навоҳӣ ва деҳоти дурдаст фароҳам оварда шавад ва талаба донад, ки пас аз хатми мактаб ва донишгоҳ дар дохили кишвар ҷои кор ва зиндагии беҳтар хоҳад шуд, ба ҳеҷ сурат иҷборӣ мардикориро дар Русия тарҷеҳ нахоҳад дод: «Ман фикр мекунам, ки дар ҳақиқат дар соҳаи маориф як
Саймиддин Дӯстов

низоми солим вуҷуд надорад. Низоми маориф дар Тоҷикистон фалаҷ мебошад. Барои ҳамин касе дар фикри фарзандони мардум нест. Оё низоми маориф тавони фарогири таълиму парвариши фарзандони мардумро ҳамаҷониба дорад? Оё ҷавобгӯи талаботи падару модари фарзандон ҳаст ё на?»

Ба қавли Саймиддин Дӯстов, вақте, ки ҷавонон аз шароити солими таълиму парвариш бархӯрдор нестанд, ночор дар пайи ҷустуҷӯи ин холигоҳ мешаванд, ки мунтаҳо вақте, ки чашмашонро боз мекунанд худро дар масҷид дармеёбанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он нигаронӣ мекунад, ки бо ба иҷро даромадани ин қонун дар моҳи Рамазон, масъулин вориди як бархӯрд ва мушкилоти ҷадид бо ҷомеа нашаванд.

Ҷаноби Кабирӣ афзуд: «Аслан шаке дар он набуд, ки президенти кишвар лоиҳаи ин қонунро имзо хоҳад кард. Чун эшон лоиҳаро ба маҷлис пешниҳод карда буданд, чандин маротиба аз минбарҳои гуногун пуштибонии ҳамин шакли қонунро анҷом дода буданд. Бинобар ҳамин дар мо ҳеҷ шаке дар мавриди имзо кардани он набуд, фақат як каме мулоҳизаҳо буданд, ки шояд дар моҳи шарифи Рамазон он ба имзо нарасад, ҳамчунон, ки чунин пешниҳодҳо ҳам шуда буд. Ва бештари ин назарҳо ва пешниҳодҳо натиҷаи оптимизм ё хушбинии аз ҳад зиёди мо мардуми тоҷик аст. Вале агар мо воқеъбин ва амалгаро бошем, фикр мекунам имзо шудани ин қонун идомаи мантиқии ҳамон равандҳои чанд моҳи ахир аст ва фақат мемонад ҷанбаи техникии он, ки оё ба зудӣ он
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

дар матбуот нашр мешавад ва ё на. Агар боз ҳам хушбин бошем мисли пешин, шояд ба сабабҳои техникӣ ва ё баъзе сабабҳои дигар, нашри расмии қонун дар матбуот ба таъхир андохта шавад, то ин ки дар нимаҳо ё дар рафти моҳи шарифи Рамазон, ҷомеаи мо ва худи масъулин вориди бархӯрдҳо ва мушкилоти ҷадид нагарданд. Вале агар боз ҳам қонун дар моҳи Рамазон ба нашр бирасад ва мавриди амал қарор бигирад, мо ба он натиҷа хоҳем расид, ки як бахши зиёд аз потенсиали ҳокимият масруфи амалӣ кардан ва пайгирӣ кардани ин қонун хоҳанд шуд, дар ҳоле, ки мо мушкилоти зиёди дигар дорем дар ҷомеа, ки бояд дар ин шабу рӯз ҳалли худро пайдо кунад.»

Имзои ин қонун аз сӯи раиси ҷумҳур дар рӯзи 2-юми август дар ҳолест, ки аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл бидуни баҳс қонунро тасвиб карда буданд. Дар нимаи моҳи июни соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар низ қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро пазируфта буданд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва бархе аз коршиносон қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон мекунанд.

Ҳамчунин онҳо аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқод карда буданд

Лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар» дар як соли ахир дар расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион ва маҳофили мухталиф муҳокима шуда, тарҳи он ба шакли китобчаи алоҳида ба теъдоди 200 000 нусха мунташир шуда буд.

Тарҳи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 14-уми декабри соли гузашта ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд.

Баррасии умумии ин тарҳ моҳи феврали соли ҷорӣ ба поён расид, ки бино ба гуфтаи мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар тӯли дуним моҳи баҳсу баррасӣ бештар аз севуним ҳазор пешниҳод тавассути мардум ва корхонаву муассисаҳо ироа шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG