Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак шурӯъ мешавад


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Қоҳира муҳокимаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, шурӯъ шавад, ки ӯро ба фасодкорӣ ва дастур барои қатли тазоҳургарон дар моҳи феварал муттаҳам мекунанд. Ошӯбҳои мардумӣ дар ҳамон моҳ ба ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар Миср хотима дод. Ӯро, ки дар шаҳри Шарм-ул-Шайх табобат мегирифт, барои муҳокима ба Академияи пулис ба Қоҳира меоранд. Муҳокимаи додгоҳӣ ба таври мустақим аз тариқи телевизиони давлатии Миср намоиш дода хоҳад шуд. Ҳуснӣ Мубораки 83-сола, вазири умури дохилии собиқи Миср, Ҳабиб-ал-Адлӣ ва шаш афсари олирутбаи пулисро ба қатли 850 тазоҳургар дар ошӯбҳои моҳи феврал муттаҳам мекунанд. Дар сурати исбот шудани гуноҳ онҳоро ҳукми қатл интизор аст. Муборак ва ду писараш ҳамчунин ба фасодкорӣ муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG