Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ҳузури нерӯҳои Амрикоро баррасӣ мекунад


Вазири умури хориҷаи Ироқ мегӯяд, ҳукумат аз раҳбарони сиёсии кишвар иҷоза гирифтааст, то бо Иёлоти Муттаҳида масъалаи тамдиди ҳузури нерӯҳои Амрико дар кишварро баррасӣ кунад. Қарор аст, сарбозони амрикоӣ то охири имсол Ироқро тарк кунанд, аммо эҳтимол дорад, ки ду тараф барои тамрин додани нерӯҳои ироқӣ теъдоде аз сарбозони Амрикоро нигаҳ доранд. Ироқу Иёлоти Муттаҳида соли 2008 тавофуқ карданд, ки сарбозони амрикоӣ то 31 декабри ҳамин сол аз Ироқ хориҷ шаванд. Майкл Муллен, раҳбари ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, чанде пеш дар Бағдод буд аз раҳбарони ироқӣ хост, ҳарчӣ зудтар дар мавриди сарнавишти нерӯҳои амрикоӣ тасмим бигиранд ва дар сурати нигаҳ доштани онҳо баъди 31 декабр ба сарбозони амрикоӣ ҳаққи масуният аз таъқиби ҷиноӣ дар Ироқ бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG