Пайвандҳои дастрасӣ

Музди кор дар Тоҷикистон афзоиш меёбад


Ҳамзамон бо боло бурдани музди кор, қиматҳо ҳам дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон бо боло бурдани музди кор, қиматҳо ҳам дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон фармон додааст, то сар аз моҳи сентябр музди кори кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳаққи бознишастагиро аз 25 то 100 дар сад боло бурда шавад. Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дирӯз нашр шуд, омадааст, тадбири мазкур ба хотири боло беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии аҳолии Тоҷикистон андешида шудааст. Аз ҷумла музди кор дар муассисаҳои пажӯҳишӣ, вазорати маориф, беҳдошт ва ҳаққи бознишастагӣ ва стипендияи донишҷӯён аз 30 то 40 дарсад боло бурда мешавад. Музди кори додрасҳои Тоҷикистон сар аз моҳи сентябр як баробар зиёд, яъне 100 дар сад афзоиш меёбад. Вакилони порлумони Тоҷикистон ҳам сар аз моҳи оянда маоши бештар хоҳанд гирифт, зеро музди кори онҳо 50 дар сад афзоиш меёбад. Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ барои пардохти ин ҳама тақрибан 243 миллион сомонӣ ва ё бештар аз 50 миллион доллар лозим мешавад.
XS
SM
MD
LG