Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши нархи саҳҳом дар бозорҳои Амрико


Ба думболи имзои Қонун дар мавриди боло бурдани қарзи ҳукумати Амрико, қиммати саҳҳом дар бозорҳои Иёлоти Муттаҳида башиддат поён омад. Бо вуҷуди имзои санаде, ки Амрикоро аз вартаи варшикастагӣ наҷот дод, сармоягузорон ҳамчунон аз вазъи иқтисоди Амрико бим доранд. Рӯзи ҳафтум аст, ки қимати саҳҳом дар бозорҳои Амрико поён меояд ва чунин тамоюл баъди бӯҳрони иқтисодии соли 2008 то кунун мушоҳида нашуда буд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе чанд соат пеш аз тамом шудани пули ҳукумат, Қонун бораи боло бурдани ҳадди қарзи ҳукуматро имзо кард, ки ба он имкон медиҳад, барои пардохти ҳисобҳояш қарз бигирад. Аммо ба гуфтаи иқтисоддонон, сармоягузорон ҳанӯз ҳам аз вазъи иқтисоди Иёлоти Муттаҳида нигаронанд ва аломатҳое вуҷуд дорад, ки ниҳодҳои нозир, нишондиҳандаҳои эътимоди иқтисодӣ ба Амрикоро поён баранд.
XS
SM
MD
LG