Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, мухолифи қатъномаи Шӯрои Амният нест


Як мақоми вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, кишвараш ба қатъномаи Шӯрои Амният алайҳи Сурия мухолифат нахоҳад кард, ба шарте ки дар он таҳримот ва дигар навъҳои фишор ба Сурия пешбинӣ нашавад. Пештар аз ин Шӯрои Амнияти Созмони Милал, рӯзи сешанбе ҳам машваратҳо доир ба вокуниш ба хунрезиҳо дар Сурияро баррасӣ кард. Дигар ин ки Итолиё бо зикри “саркӯбии ваҳшатноки мардуми Сурия аз тарафи ҳукумат” сафирашро барои машварат аз ин кишвар фаро хондааст. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Сурия дирӯз панҷ нафари дигарро дар шаҳри Ҳамо, маркази тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ куштанд.
XS
SM
MD
LG