Пайвандҳои дастрасӣ

Ирсоли нерӯҳои тозанафаи НАТО ба Косово


НАТО, Паймони низомии Атлантики Шимолӣ барои ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани хушунат дар Косово ба инҷо нерӯҳои изофӣ мефиристад. Ҳафтаи гузашта, ба думболи талоши пулиси Косово барои таҳти назорат гирифтани ду гузаргоҳи марзӣ бо Сербистон, байни нерӯҳои пулис ва мардумии маҳаллии серб муноқиша бархост, ки дар натиҷа як нафар кушта шуд. НАТО мегӯяд, ирсоли нерӯҳои изофӣ ба ин ҳодиса иртибот намегирад, балки ба хотири кӯмак ба нерӯҳояш дар минтақа аст, ки амниятро таъмин мекунанд. НАТО, ки дар Косово 6 ҳазор сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG