Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват барои таҳқиқи қазияи як хабарнигори украинӣ


Созмонҳои дохилӣ ва байналмилалии ҳомии озодии баён аз мақомоти Украина хостанд, то таҳқиқи қазияи оташ задани хонаи як хабарнигори украиниро суръат бахшанд. Рӯзи якшанбе афроди ношинос хонаи Олексий Матсука, хабарнигори 28-солаи оташ задаанд. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, сардабири торнамои “Хабарҳои Донбасс” чанде пеш доир ба зиндагии ашрофонаи мақомоти расмӣ, аз ҷумла шаҳрдори Донетск навишта буд, ки ӯ чӣ гуна метавонад, бо маоши каме чунин зиндагии ашрофона дошта бошад. Созмони Гузоришгарони бидуни марз ва созмонҳои украинӣ аз ҳукумат хостаанд, кафолати амнияти ин хабарнигорро бидиҳанд ва то замони анҷоми тафтиши парванда ӯро бе муҳофиз нагузоранд.
XS
SM
MD
LG