Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиканӣ дар як корхонаи аслиҳасозии Русия


Коргарони як корхонаи аслиҳасозӣ дар ғарби Русия бо талаби пардохти музди кори чандмоҳаи худ, коршиканӣ кардаанд. Коргарони корхонаи “Молот” дар шаҳри Вятские Полянӣ мегӯянд, то замоне, ки маоши худро нагиранд, ба кор намебароянд. “Молот” воқеъ дар вилояти Киров, дар 900 километрии шимолушарқи шаҳри Маскав бо тавлиди автомати Калашников, мусалсалҳо ва минаҳои зиддитанкӣ дар Русия маъруф аст. Ба гуфтаи бахши русии Радиои Озодӣ, корхона то кунун аз коргарони худ бештар аз 1 миллион доллар қарздор аст ва сабаби он ҳам коҳиши дархостҳои ҳукуматӣ барои тавлиди аслиҳа будааст.
XS
SM
MD
LG