Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паймони НАТО ба Косово нируҳои изофӣ мефиристад


Паймони НАТО баъд аз ташдиди моҷароҳо дар минтақаи мавриди баҳси Косово дар ин кишвар нируҳои иловагӣ мустақар мекунад. Аз сӯи дигар, ин паймон мегӯяд, ки нируҳои НАТО, ки дар таъмини амният дар ин минтақа кӯмак мекунанд, ба даргириҳои ҳафтаи гузашта иртиботе надоранд. Ҳафтаи гузашта полиси Косово барои ба контроли худ даровардани ду посгоҳи марзӣ дар марз бо Сербистон амалёте анҷом дод. Дар задухурд бо ақалиятҳои серб як корманди полиси Косово кушта шуд. Ҳоло НАТО дар Косово 6 000 ниру дорад ва дар ин эъломияи худ ин паймон нагуфтааст, ки шумораи нируҳои изофиаш чӣ қадр хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG