Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Зарифӣ аз Туркманистон идома дорад


Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Музокироти Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти Туркманистон дар бораи рушди ҳамкориҳои дуҷониба идома дорад. Ин боздид дӯ рӯз давом мекунад. Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар бораи ҳадафҳои боздид ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳадаф аз ин сафар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бознигарии мувофиқатномаҳое ҳаст, ки аз ин пеш ду давлат ба даст оварда буданд”.

Оқои Зарифӣ дар Ашқобод бо Рашид Мередов-вазири корҳои хориҷа ва муовини нахуствазир, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ва соири мақомоти расмии ин кишвар дар бахшҳои мухталиф дидор ва гуфтугӯ мекунад. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Туркманистон барои таъмини Тоҷикистон бо маводи сӯхт дар меҳвари музокирот қарор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG