Пайвандҳои дастрасӣ

"Замона" ва инсонҳо


Шаҳзода Назарзода, блогнавис, корманди Радиои "Замона"

Шаҳзода Назарзода, блогнавис, корманди Радиои "Замона"

Родио «“Замона»» 4 август панҷсола мешавад. Родиое, ки ман аз тамоми дигар родиоҳо бештар дӯсташ медорам ва бештар аз мар родиои дигаре бо зиндагии маррӯзаи ман омехта аст. Зиндагии мани тоҷик, ки яке аз даҳҳо ҳазор тоҷики дигаре ҳастаму ифтихор мекунам, ки дигар деворҳои оҳанин шикастааст ва ҳоло родиои байналмиллалие мисли “Замона» аз дарду ғаму гирифториҳои мардуми ман менависад ва бо мухотабони ҳамдил ва ҳамзабони худ моро васл мекунад.

Родио “Замона» аз аввалин расонаҳоест, ки ҳамзабонони дигари худро, ки дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна парешонанд, аз баданаи аслии худ ҷудо накардааст ва барои онҳо қафасаи ҷудо ва ё марзе нагузоштааст. Муҳимтарин масоили Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро бо ҳам пӯшиш додааст ва ин ҳусни “Замона» аст, ки аз дигар расонаҳои форсизабон як гом ҷилавтар аст.

“Замона» форсизабонон ва ё мухотабони худро табақабандӣ намекунад ва ҳамаи онҳоеро, ки форсӣ мехонанд ва форсӣ мегӯянд сари як суфра менишонад. Ва ин аст риояти ҳуқуқи башар! Ва ин аст тақсим накардани мардуми порсигӯй ба форсизабонони дараҷаи аввал, дувум ва ё савум.

Родио “Замона» инсондӯсттарин родиое буда, ки то ба ҳол мешиносам. Аввалин родиое буда, ки ба мани тоҷик нагуфта ин ҷумла ва ё калимаеро тавре бихонам ки лаҳҷаи тоҷикиам пайдо набошад. Ҳеч гоҳ!

Аммо дар тули ин панҷ соли ҳамкорӣ бо “Замона» омӯхтам, ки мо форсизабонон, ба хусус касоне, ки бо расонаҳои паҳноваре сару кор доранд, бояд бо забон ва лаҳне сухан гӯянд, ки худро ба минтақае ва ё мардуме махдуд накунанд. Мо бояд бо забони фарогире гуфтугӯ бикунем, ки бештарин афрод ҳатто аз дурдасттарин рустое битавонанд, моро бифаҳманд.

Роҳе, ки родио «Замона» меравад, роҳи ояндаи тамоми расонаҳои форсизабон аст. Ин роҳест, ки фаъолони ҳуқуқи башар пеш аз хабарнигорон шурӯъ кардаанд ва канда-канда дар гӯшаву канори манотиқи мухталифи дунё дар ҳоли муаррифии баробарии инсонҳоянд. Дар талошанд, ки бифаҳмонанд инсонҳо ҳама бо ҳам баробаранд ва набоянд аз ҳеч ҷиҳат, чи аз лиҳози забон ва чи аз лиҳози табақотӣ тақсим шаванд.

Ин родиои панҷсола шояд дар канори родио ва расонаҳои дигари форсизабон, ки дигар мӯйсафед ва пир шудаанд, барои форсизабонон таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошад. Таваҷҷӯҳи бештаре ба кӯчактарин ғамҳои гумномтарин тоҷике, афғоне, ҳазорае, узбаке, қазоқу қирғизе, ки дар ҳамсоягии Эрон ғамҳои муштарак доранд ва гул аз гулашон мешукуфад, вақте родиои байналмиллалие аз кишвари кӯчаке, ки шояд ҳатто номашро ду се бор бештар нашнида бошанд, бо онхо тамос бигирад ва аз ҳолу ғамҳои онҳо ҷӯё шавад.

“Замона» мураттаб аз форсизабонони дигар мегӯяд ва пуле мешавад байни ин мардуми пароканда. Шояд коре барои рафъи мушкилоташон накунад, аммо матраҳ кардани мушкилот худ роҳе эҷод мекунад барои эҳтимоли расидани дасти ёрӣ аз мухотабе, ки дар гӯшаи амне аз ҷаҳон нишастааст.

Ин гуна ҳам буда. Родио “Замона» боис шуда ки шоири танҳо ва хоназиндон дар Самарқанд сохиби компутер шавад, ҷавонон ва донишҷӯёни муштоқи Самарқанду Бухоро ва Тошканд китобҳои дасти дуввуми адабӣ дарёфт букунанд. Навқаламтарин шоир ва нависандаҳои тоҷик ва афғон барои ин родио аввалин корҳои худро хондаанд ва бори аввал садои худро аз ин родиои худмонӣ ва мардумӣ шунидаанд. Коре, ки родиоҳои бузург ва қадимии форсизабон барои анҷоми он ё вақт нагзоштаанд ва ё дастрасӣ ба ин мардуми дурафтода надоштаанд.

Бо ин ҳама борҳо ва борҳо аз дӯстони тоҷик мешунавам, ки чаро “Замона» ба хатти сириллик ҳам мунташир намешавад? “Замона»-и панҷсола барномахои зиёде дорад, ба хусус барои густардани замон ва изофа кардани сафаҳоти тоза рӯйи торномаи худ, аммо мушкилоти молӣ ин барномаҳоро ақиб андохта, вале аз дил ва листи корҳое, ки бояд анҷом шавад, дур накардааст.

Аммо ин ҳама корҳое, ки то ба ҳол анҷом шуда бо кӯмак ва ёрии дӯстоне буда, ки моро аз роҳи дур ёрӣ кардаанд ва моро дар ҷараёни хабарҳо ва мушкилоти худ ва наздикони худ гузоштаанд. Аксҳои худ ва корҳои ҳунарии худро барои мо фиристодаанд ва иттилооти дасти аввал ба мо додаанд то бо дигар форсизабонон дар миён бигузорем. Аз ин афрод ва дӯстони “Замона» мисли ҳамеша мамнунам.

Вале гоҳе аз садо ва ё навиштаҳои дӯстонии форсизабони дигаре мисли тоҷику афғони худ мефаҳмам, ки ангор боварашон намешавад, ки ин родио воқеан родиои форсизабонҳост.

Дилам мехохад ба ин дӯстон ва дӯстони дигар бигӯям, ки онҳо низ бо мо ҳамкорӣ бикунанд бо ин расонае, ки ҳамеша пуштибон ва минбаре барои форсизабонони дунё буда, ҳамкорӣ бикунанд, садои худро ба дигар форсизабонон бирасонанд. Иштироки ҳамаи Шумо, дӯстони форсигӯй тавоноии “Замона»-и панҷсоларо бештар мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG