Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷидда баландтарин бино дар ҷаҳон сохта мешавад


Бурҷи Халифа дар Дубай 828 метр аст
Бурҷи Халифа дар Дубай 828 метр аст
Имрӯз шоҳзодаи Саудӣ Ал Валид бин Талол бо ширкати сохтмонии Гурӯҳи Бин Лоден як қарордоди 1 миллиарду 200 миллион долларӣ имзо кард, то дар шаҳри бандарии Ҷидда баландтарин бурҷ дар ҷаҳон сохта шавад. Бино ба пешбиниҳо баландии ин бурҷ ба 1 000 метр, яъне ба як километр мерасад ва сохтмони он дар панҷ сол бояд ба поён расад. Ҳоло баландтарин бурҷ ё бино дар ҷаҳон Бурҷи Халифа дар Дубай ба шумор меравад. Баландии он 828 метр аст. Бурҷи Ҷидда дорои меҳмонсаро, утоқҳои муҷаҳҳазу дорои шароити муосир ва идораҳо хоҳад буд. Ороиши ин биноро як ширкати амрикоӣ бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG