Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ дар Туркманистон нафт меҷӯяд


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Гуфтушуниди вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти туркман имрӯз 2-юми август дар Ишқобод оғоз ёфт.

Сафари дурӯзаи Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Ишқобод ва дидору гуфтугӯҳои ӯ бо президенти Туркманистон ва вазирони нафту газ ва энержии ин кишвар нишон медиҳад, ки Душанбе мехоҳад қимати афзояндаи анвои нафтии бозори худро боз дорад ва вобастагиаш ба маводи сӯхти Русияро коҳиш диҳад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим


Зеро тавре ба назар мерасад, гузашти андаки Русия дар аввали ҳамин моҳ чандон қонeъкунанда ба назар намерасад. Чуноне сомонаи интернетии ҳукумати Русия хабар медиҳад, ин кишвар шурӯъ аз моҳи август пардохти гумрукиро аз 400 доллар ба 395 доллар коҳиш дод. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистон нархи як литр бензини навъи 92, шаш сомониву 50 дирам мебошад.

Таҳлилгарони Тоҷикистон мегӯянд, ки болоравии қимати бензин ва дигар маводи сӯхт дар ин кишвар панҷ моҳ аст, ки ҳамчунон идома дорад.

УМЕДВОРӢ АЗ МУЛОҚОТИ ИШҚОБОД

Комёб Ҷалилов, коршиноси Маркази мутолеоти стротегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки мулоқоти вазири хориҷии Тоҷикистон бо вазирони бахши нафту энержии
Комёб Ҷалилов, коршиноси Марказҳи мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон

Ишқобод умедвории Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби бештари Туркманистон дар бозори нафту гази худ мебошад: «Ҳоло, ки вазири хориҷа ҷаноби Зарифӣ ба Туркманистон сафар кардааст, ин ҳатман як сиёсати муайяне ҳаст, ки бояд давлат фикри ояндаи худро кунад. Мо талош кунем, ки масъаларо ҳал кунем, аз захираҳаи давлатии бензин истифода шуда истодааст ва аз дигар имкониятҳо истифода мешавад. Ман фикр мекунам, ки ин масъала бо Туркманистн мусбат ҳал хоҳад шуд. Ҳарчанд аз баъзе тарафҳо ба ин муносибатҳо халал мерасонанд, вале ман мутмаинам .»

Дар ҳоли ҳозир Туркманистон ба Тоҷикистон маводи сӯхти худро дар доираи нархҳое мефурӯшадад, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш гузоштааст. Агар Русия як тонна бензини худро дар ивази 1070 доллар ба Тоҷикистон фурӯшад, Турманистон як тонна бензини худро дар ивази 1120 доллар ба ин кишвар медиҳад.

ОЁ ТУРКМАНИСТОН ГУЗАШТ МЕКУНАД?

Иқтисоддони тоҷик Давлатмурод Ҷумъаев ба ин бовар аст, ки Туркманистон ба ҳеҷ сурат намехоҳад ҳузури худро дар бозори ҷаҳони нафт гум кунад, вале аз рӯи ҳусни ҳамсоядорӣ шояд ба Тоҷикистон гузашт кунад. Чуноне, ки Русия нафти худро ба ҳар кишвари минтақа бо нархҳои мухталиф медиҳад.

Ҷаноби Ҷумъаев меафзояд: «Имрӯз монополияи “Газпромнефт” дар Тоҷикистон ҳамаро ба зону шинонидааст. Ҳамчун як нияти нек, Туркманистон метавонад ба Тоҷикистон маводи сӯхти худро арзонтар фурӯшад. Ва дар иваз Тоҷикистон метавонад ба Ишқобод аз Русия дида дар бозори нафтии худ бештар афзалият диҳад. Туркманистон дар масофаи наздиктар аз Русия қарор дорад ва молиёти камтар байни ин ду кишвар вуҷуд дорад, аз ин рӯ ҳамкории ин ду кишвар ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд.»

ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЛОШИ БУРУНРАФТ АЗ БӮҲРОНИ МАВОДИ СӮХТ

Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, бо кишварҳое, ки аз онҳо нафт, яъне бензину дигар маводи сӯхт ворид мекунад, муҷаддадан гуфтушунид оғоз кунад. Ва бо ин роҳ як дигаргунии мусбате дар бозори нафти худ эҷод кунад.

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
Фаррух Ҳамралиев, вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон дар робита ба ин мегӯяд: «Ояндаи наздик мо фикри онро дорем, ки бо бахши хусусӣ якҷоя дар сатҳи ҳукуматҳои Туркманистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Украина ва Озарбойҷон гуфтушунид пеш бурда нархи сӯзишвориро барои ҳар ду ҷониб мувофиқ, баррасӣ намуда ба Тоҷикистон ворид кунем.»

Дар ҳамин ҳол Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба мулоқотҳои Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Туркманистон ишора намуда гуфт: "Ҳадаф аз ин сафар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбеву Ишқобод буда ва интизор меравад, ки тавофуқномаҳои дуҷонибае, ки аз ин пеш ду давлат ба даст оварда буданд бознигарӣ карда шаванд."
XS
SM
MD
LG