Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешгирӣ аз варшикастагӣ. Намунаи Амрико


Сенати Амрико

Сенати Амрико

Имрӯз ҳамаи чашмҳо ба сӯи Сенати Амрикост, ки бояд тарҳи пур аз гузашти қонуни афзоиши лимити қарзро тасвиб кунад.

Фақат ҳамин Амрикоро аз чанги варшикастагии ногузир ва дар таърихи ин кишвар бесобиқа халос хоҳад кард ва Сенати таҳти назорати демократҳо барои тасвиби тарҳи ин қонун то соати 9-и субҳи чоршанбе ба вақти Тоҷикистон фурсат дорад.

Маҷлиси намояндагон, ки аксари курсиҳояш дар дасти ҷумҳурихоҳон аст, рӯзи 1-уми август бо 269 раъйи мувофиқ дар муқобили 161 раъйи мухолиф аз ин муомила ҳимоят кард. Тарҳи тасвибшуда 2,4 триллион боло бурдани лимити қарз ва 2,1 триллион доллар коҳиш додани масрафоти будҷа дар 10 соли ояндаро дар назар дорад.

Вале маълум шуд, ки демократҳои ин маҷлиси Конгресс баробар раъй додаанд: 95 райъи мувофиқ ва 95 раъйи мухолиф.



Раҳбари ҷиноҳи демократҳо дар Маҷлиси намояндагон Ненсӣ Пелосӣ пинҳон намекард, ки ин тарҳи пургузашт «чандон хушаш намеояд», вале ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари варшикастагӣ, ки чун табар болои сари Амрико истодааст, ба ин қонун раъйи мувофиқ медиҳад: «Ман аз ин тарҳ хушҳол нестам, вале аз бархе дастовардҳои он ифтихор мекунам ва ба ин далел барояш райъ медиҳам.»

Ин қонун акнун барои тасвиб ба Сенат ироа шудааст ва дар сурати касби ҳимояти маҷлиси болоии Конгресс, бояд то поёни 2-юми август аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама имзо шавад. Вагарна Амрико баъди соати 12-и шаби 2-юми август дучори дефолти фаннӣ ва амалан аз қобилияти пардохт маҳрум мешавад. Чунин сурати ҳол метавонад назми иқтисоди ҷаҳонро, ки тоза захмҳои бӯҳрони ахири молиро табобат дорад, дигарбора ба ҳам занад, эътибори қарзии Амрикоро пойин биорад ва боиси уфти башиддати қурби доллар низ шавад.

Аммо оё ин ҳама баҳсҳои лимити қарзи Амрико аз Тоҷикистон чигуна дидаву шунида мешаванд ва оё кишварҳои хурде, мисли Тоҷикистон ба мушкили қарзҳои Амрико чӣ кор дорад? Ва ҳам агар Амрико дучори расвоӣ мешуд, ба Тоҷикистон чӣ таъсире дошт? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо иқтисоддони тоҷик профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар миён гузоштам:

XS
SM
MD
LG