Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия сафирашро барои машварат аз Сурия фаро хонд


Нируҳои Сурия дар Ҳамо ҳангоми саркӯбии тазоҳуркунандагон
Нируҳои Сурия дар Ҳамо ҳангоми саркӯбии тазоҳуркунандагон
Имрӯз Италия сафири худ дар Сурияро барои машварат фаро хонд ва мегӯяд, режими Сурия “аҳолиро сахт зери фишор гирифтааст”. Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Италия омадааст, ин кишвар аз ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хоҳад хост, сафирони худро аз Сурия фаро хонанд, зеро президент Башор Асад саркӯбии тазоҳуркунандагонро бештар кардааст. Дар рӯзи аввали рамазон нируҳои амниятӣ саркӯбии тазоҳуркунандагонро идома доданд ва даҳҳо нафар дар рӯзҳои шанбеву якшанбе кушта шуданд. Аксари онҳо дар шаҳри Ҳамо ба қатл расиданд. Дар ин шаҳр амалиёти густардаи нируҳои ҳукуматӣ анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG