Пайвандҳои дастрасӣ

Райдиҳӣ аз варшикастагии молии Амрико пешгирӣ кард


Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико ба ҷонибдорӣ аз пешнависе рай дод, ки акнун дараҷаи маҳдудияти қарзи ҳукумати Амрикоро боло мебарад. Бо ин рай Маҷлиси Намояндагон аз нахустин варшикастагии молии Амрико дар таърих пешгирӣ кард. Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки дар он Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аксариятро ташкил медиҳад, бо 269 райи ҷонибдор ва 161 райи мухолиф пешнависи қонунро ба тасвиб расонд. Аъзои Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Демократи Барак Обама ду тақсим шуданд. 95 нафар ҷонибдор ва 95 нафари дигар бар зидди ин пешнавис рай доданд.
XS
SM
MD
LG