Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Як гурӯҳи ҳуқуқи башар мегӯяд, дар Сурия дар рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуркунандагони эътирозии зидди режими Башор Асад дар саросари ин кишвар 24 нафар кушта шудаанд. Гурӯҳи нозирон ва ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон гуфтааст, бештари ин афрод дар шаҳри Ҳамо кушта шудаанд. Дар ин шаҳр аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ амалиёти густардаи низомӣ идома дорад. Як рӯз пеш аз рамазон дар Сурия 100 нафар кушта шуданд. Дирӯз Шӯрои Амният паси дарҳои баста ҷаласа баргузор кард. Намояндгони СММ мегӯянд, кишварҳои ғарбӣ тарҳи қатъномаеро таҳия мекунанд, ки дар он режими Сурия барои саркӯбии тазоҳуркунандагон мавриди интиқод қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG