Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ: Амрико бояд мавзеъгирии худро мушаххас кунад


Осиф Алӣ Зардорӣ
Осиф Алӣ Зардорӣ
Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон гуфт, Амрико дар мубориза бо шӯришиёни исломӣ бояд “шартҳои мушаххаси уҳдадорӣ” дошта бошад, то муносиботи сарди миёни ду кишвар беҳбуд ёбад. Ин нукот дар изҳороти Зардорӣ оварда шудааст. Изҳоротро имрӯз дафтари вай дар Исломобод ба нашр расонд. Зардорӣ ин суханонро шоми рӯзи душанбе баъд аз дидораш бо Марс Гроссман-намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон изҳор дошт. Баъд аз куштори Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида дар Покистон тавассути нируҳои вижаи Амрико муносиботи ин ду кишвар сард шуд.
XS
SM
MD
LG