Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ бо Туркманистон ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад


Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз Туркманистон боздид мекунад. Боздиди вай аз ин кишвар ду рӯз давом мекунад ва вай бо Рашид Мередов-вазири корҳои хориҷа ва муовини нахуствазир ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дидор ва дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ мекунад. Музокироти вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аслан ба ҳамкориҳо дар бахши нафт, энерживу сохтмон ва нақлиёт ихтисос хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG