Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кушта дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар Қайроқум


Дар натиҷаи як ҳодисаи нақлиётӣ дар шаҳри Қайроқум 3 нафар кушта, як нафар маҷруҳ шудааст. Ронанда Бунёд Одинаев-сокини ноҳияи Ғончӣ натавонистааст автомашинаи худро идора кунад ва 3 нафарро, ки аз роҳ мегузаштанд, зер кардааст. Дилором Неъматова-сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо писараш Наим Неъматов, ки хонандаи синфи як будааст ва ҳамчунин Дилрабо Турсунова аз ҷароҳатҳои вазнин даргузаштаанд. Мирзомуҳаммад Турсунов-писари дусолаи Дилрабо Турсунова дар бемористон муолиҷа мегирад.
XS
SM
MD
LG